Март 22, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Эрон: ҷаҳон алайҳи густариши идеологии такфирӣ иқдом кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон иқдоми ҷамъӣ алайҳи густариши идеологии такфирӣ дар ҷаҳонро хостор шуд.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи ҷумъа дар нишасти фавқулодаи вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Истанбул бо маҳкум кардани куштори беш аз 50 намозгузор дар Крайстчерчи Зиландияи нав, аз рушди шабакаҳои густардаи пропагандаи (таблиғотӣ сиёсӣ) зидди мусалмонон ибрози нигаронӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ин шабакаҳоро сармоядорони сарватманди муртабит бо давлат дар Амрико ва дигар нуқоти ҷаҳон  ҳимоят мекунанд ва агар таҳти контрол қарор нагиранд таҳдиде барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ хоҳанд буд.

Зариф таъкид кард бояд дар муқобили ҳар қудрате, ки исломҳаросиро тарғиб мекунад аз ҷумла иқдомоте ҳамчун мамнуъ кардани сафари мусалмонон, мамнуъ кардани истифода аз намодҳои исломӣ миёси сатр ва  ҳамчунин истифода аз иборати ҷоҳилонае ҳамчун терроризми исломӣ истодагӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, давлати Амрико зимни тарвиҷи исломҳаросӣ ва ихтилофафканӣ миёни уммати исломӣ, бо бетаваҷҷуҳӣ ба ҳаққи мусалмонон ва аъроб ба дунболи эътои Қудси шариф ва баландиҳои Ҷавлон ба режими саҳюнистӣ аст, ки ин иқдом нақзи ҳуқуқи байналмиллал маҳсуб мешавад.

Зариф ҳамчунин аз рафтори шафаққатомези нахуствазири Зеландияи нав дар бархурд бо қурбониён ва ҳамчунин ба ҷиҳати ҳузури Вазири умури хориҷаи ин кишвар дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Истанбул қадрдонӣ кард.

Ба дунболи куштори ваҳшиёнаи мусалмонон дар Зеландияи нав, Вазири умури хориҷаи Эрон дар тамос бо Мавлуд Човуш Уғлӯ ҳамтои туркияӣ, баргузории нишасти фавқулодаи Созмони ҳамкории исломиро, ки раёсати давраии он бар уҳдаи Туркия аст пешниҳод кард.