Март 24, 2019 20:55 Asia/Dushanbe
  • Баргузори маросими Наврӯз дар мӯзейи миллии Будапешт

Маросими ҷашни Наврӯз бо ҳузури густурдаи эрониёни муқим ва мақомоти Венгрия, дар музейи милли ин кишвар дар Будапешт баргузор шуд.

Дар ин маросим Ғуломалӣ Раҷабии Яздӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Венгрия, ба иродаи сиёсии Теҳрон ва Будапешт барои тавсиа ва густариши равобити дуҷониба ишора кард ва гуфт, ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва донишгоҳии ду кишвар, метавонад ба унвони яке аз меҳварҳои аслии тавсиаи равобити Эрон ва Венгрия бошад.

Ғуломалӣ Раҷабии Яздӣ ҳамчунин гуфт, густариши равобити ҳамаҷониба байни Эрон ва Венгрия, аз аввлавиятҳои сафоратхонаҳои ду кишвар аст.

Наврӯз, ки ҷашни бостонии эронӣ аст, дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад ва дар кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин ном «Наврӯз» дар тақвими расмиашон таътил аст.

Беш аз 300 миллион нафар дар 11 кишвар, Наврӯз ойини куҳани мардуми Эронро ҷашн мегиранд.