Бозгашти беш аз 88 ҳазор афғон аз Эрон ба кишварашон
Созмони байналмилалии паноҳҷӯён вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, ки аз ибтидои соли 2019 токунун, беш аз 88 ҳазору 516 шаҳрванди Афғонистон, ки дар Эрон зиндагӣ мекарданд ба кишварашон бозгаштаанд.
Коҳиши арзиши риёл(пулм миллӣ)-и Эрон дар моҳҳои ахир, ки илова бар эҷоди маҳдудият дар фурсатҳои шуғлӣ, даромад паноҳҷӯёнро низ ба шиддат коҳиш дода мӯҷиби афзоиши тамоюли паноҳандагони афғон барои тарки Эрон ва бозгашт ба кишварашон шудааст.
Ҳамчунин беш аз чаҳор ҳазору 180 паноҳандаи афғон аз Покистон ба хонаи худ бозгаштаанд.
Ин афрод бар асари ҷангҳои дохилӣ ва ноамниҳои ношӣ аз он ба ду кишвари ҳамсояи Эрон ва Покистон паноҳ бурда буданд.
Вазорати паноҳандагон ва бозгашткунандагони Афғонистон низ гузориш дод, ки фақат дар соли 2018, беш аз 849 ҳазор тан аз паноҳҷӯёни афғон аз Эрон ва Покистон ба Афғонистон боз гаштанд ва ё аз кишварҳои мақсад ихроҷ шуданд.
Чанде пеш Комиссариёи олии паноҳандагони СММ дар сафаре ба Кобул, зимни ибрози хурсандӣ аз коҳиши бозгашти иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Покистон ва Эрон ба Афғонистон, барои ҳамкорӣ бо муҳоҷироне, ки ба таври довталабона аз кишварҳои мухталиф ба Афғонистон боз мегарданд, эъломи омодагӣ карда буд.