Табу тоб дар Эрон барои муқобила бо селоби бузурги эҳтимолӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42748-Табу_тоб_дар_Эрон_барои_муқобила_бо_селоби_бузурги_эҳтимолӣ
Бо таваҷҷуҳ ба пешбиниҳои ҳавошиносӣ дар бораи бориши шадиди борон дар рӯзҳои оянда дар бештари устонҳои Эрон, талошҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷорӣ шудани селобҳои бузург шиддат гирифтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 29, 2019 12:20 Asia/Dushanbe
  • Табу тоб дар Эрон барои муқобила бо селоби бузурги эҳтимолӣ

Бо таваҷҷуҳ ба пешбиниҳои ҳавошиносӣ дар бораи бориши шадиди борон дар рӯзҳои оянда дар бештари устонҳои Эрон, талошҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷорӣ шудани селобҳои бузург шиддат гирифтааст.

Ба гузориши ИРНА, Дориюши Баҳорлуӣ, мудири дафтар барномарезии манобеи оби Созмони об ва барқи устони Хузистон дар ҷанубиғарби Эрон гуфт: Боришҳои камсобиқаи тирамоҳӣ то баҳор боис шудааст, ки наздик ба 24 миллиард метри мукааб об вориди садҳои устони Хузистон шавад.

Вай идома дод: «Бо таваҷҷуҳ ба пешбиниҳои Созмони ҳавошиносӣ дар бораи борандгиҳои шадид дар рӯзҳои якшанбе ва душанбеи оянда, бояд барои контроли махзани садҳо ва ҷилавгирӣ аз бурузи селобҳои бисёр бузургтар, бахше аз оби садҳо холӣ шавад ба ҳамин далел, чанд русто дучори обгирифтагӣ шуда ва сокинони он тахлия шудаанд.»

Бо таваҷҷуҳ ба ҷараён доштани чанд рӯдхонаи бузург дар устони Хузистони Эрон, ин устон дорои чанд сади бузург аз ҷумла сади Карха, бузургтарин сади ғарби Осиё аст, ки даричаҳои тахлияи он барои муқобила бо саррез шудани об, боз шудааст.

Саиди Рауфӣ Насаб, мудиромили сад ва нерӯгоҳи Дез дар устони Хузистон Эрон низ гуфт, иртифои сади Дез 352 метр аст, дар ҳоле, ки иртифои кунунии об дар ин сад ба 349 метр расидааст.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ҳеҷ хатаре созаи сади Дезро таҳдид намекунад.

Дар устони Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон ҳам пешбинӣ шудааст, ки зарфи 24 соат ба андозаи бориши семоҳа дар ин устон борон биборад.

Ситоди буҳрони устони Кирмоншоҳ аз мардуми ин устон хостааст, рӯзҳои 11 ва 12 фарвардин (31 март ва аввали апрел) аз хонаҳои худ хориҷ нашаванд.

Дар нимаи шимолии Эрон низ ҳушдори сел дода шуда ва аз мардум хоста шудааст, аз сафарҳои ғайри зарурӣ ва рафтан ба домони табиат ва канори рӯдхонаҳо ҷиддан худдорӣ кунанд.