Иқдоми Амрико алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
Давлати Амрико дар идомаи мавозеи душманонаи худ алайҳи давлат ва миллати Эрон расман Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба унвони як созмони террористии хориҷӣ эълом кард.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар пайи нокомии давлатмардони амрикоӣ дар иҷрои сиёсатҳои минтақаии ин кишвар, бахусус дар ҳимоят аз террористҳои такфирии террористии ДИИШ, Ҷабҳаи Аннусра ва ...дар Сурия ва Ироқ, ҳамчунин шикаст дар роҳбурди муқобила бо меҳвари муқовимат аз Фаластин гирифта то Яман ва афзоиши нуфузи минтақаии Эрон, давлати Амрико расман тасмими худро барои муаррифии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба унвони як созмони террористии хориҷиро эълом кард.
Пеш аз ин фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон эълом карда буд, дар сурате, ки Амрико чунин ҳамоқате муртакиб шавад, артиш ва нерӯҳои амниятии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё дигар оромиши имрӯзро нахоҳанд дошт.
Ин иқдоми Амрико дар террористӣ эълом кардани нерӯҳои низомии расмии як кишвар иқдоме бесобиқа ва хилофи ҳуқуқи байналмилал аст.