Интиқоди Ҷопон ва Чин аз иқдоми Амрико зидди Сипоҳ
Вазири умури хориҷаи Ҷопон иқдоми раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ғайри қобили қабул донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА Таро Коно сешанбешаб дар ҷамъи хабарнигорон дар Токио гуфт: Ҷопон дар мавзӯи террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз тарафи Амрико, аз Вашингтон пайравӣ нахоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Ҷопон бо таъкид бар ҳалли ихтилофоти минтақавӣ ва байналмилалӣ аз тариқи гуфтугӯ афзуд: Кишвараш робитаи наздики худ бо Эронро ҳифз кардааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳам иқдоми Амрико дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро мӯҷиби ташдиди таниш дар Ховари Миёна донист.
Лу Канг дар вокуниш ба иқдоми Амрико алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Ҳамаи кишварҳо бояд нозир бар қоидаҳои зербинои равобити байналмилал бар асоси ҳадафҳои маншури СММ амал кунанд на ин, ки аз сиёсати қудрат ва боҷхоҳӣ пайравӣ кунад.
Раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп рӯзи душанбе дар баёнияе Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористии Амрико қарор дод.
Ба дунболи ин иқдоми Амрико Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ Амрикоро ҳомии терроризм ва фармондеҳии марказии Амрико мавсум ба CENTCOM-ро гурӯҳи террористӣ муаррифӣ кард.