Июн 07, 2019 17:51 Asia/Dushanbe
  • Путин: Русия ба ҳама тааҳҳудоташ бо Эрон пойбанд аст

Раисҷумҳури Русия дар дидор бо руасо ва мудирони хабаргузориҳои муҳими ҷаҳон таъкид кард: Русия ба тааҳҳудоташ бо Эрон пойбанд аст ва масире, ки Амрико дар муқобили Эрон дар пеш гирифтааст ба бунбаст мерасад.

Владимир Путин дар ҳошияи иҷлоси байналмилалии Санкт-Петербург дар ҷамъи мудирони хабаргузориҳои ҷаҳон гуфт: Бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва таҳримҳои мавҷуд, Русия ҳамаи тавофуқҳо ва тарҳҳои муштарак бо Эронро пайгирӣ мекунад ва ҳамвора ба тааҳҳудоти худ пойбанд аст.

Путин бо таъкид бар шаффофияти мавзеи Маскав дар қиболи Теҳрон афзуд: Русия аз имконоти худ барои ҳалли масоили мавҷуд бо гуфтугӯ ва дипломатия истифода мекунад.

Вай афзуд: Эрон имрӯз кишваре аст, ки бештарин бозрасиҳо дар он анҷом мегирад ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ нақз нашудани тааҳҳудоти Эрон дар БАРҶОМ ва набуди ҳар гуна тахаллуф дар ин арсаро тасдиқ мекунад.

Раисҷумҳури Русия гуфт: Баъзеҳо мумкин аст аз иқдомоти Эрон ё Русия дар минтақа интиқод кунанд, аммо ба назари Маскав ин мавзӯъҳо рабте ба тавофуқи ҳастаӣ надорад. Набояд фаромӯш кард, ки бо талошҳои Эрон, Туркия ва Русия ба хунрезиҳо дар Сурия поён дода шуд ва Теҳрон саҳми бузурге дар ин арса дошт.