Июн 26, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти Кумитаи сиёсии Маҷмаи маҷолиси осиёӣ дар Исфаҳон; имрӯз

Нишасти Кумитаи сиёсии Маҷмаи маҷолиси осиёӣ бо ҳузури намояндагоне аз 20 кишвари ҷаҳон дар Исфаҳон маркази Эрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНО, дар ин нишасти дурӯза намояндагоне аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Бангладеш, Камбоҷ, Индонезия, Ироқ, Урдун, Лубнон, Покистон, Сурия, Туркия, Ветнам ва Қатар ҳузур доранд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст дар бораи масоили мухталифи Осиё аз ҷумла тақвияти сулҳ, ҳукмронии хуб, шеваҳои парлумонии муассир ва эҷоди рифоҳ аз тариқи дустӣ ва ҳамкорӣ табодули назар хоҳанд кард.

Маҷлиси Шурои исломии Эрон поягузори Маҷмаи маҷолиси осиёӣ аст ва дабирхонаи доими он дар Теҳрон қарор дорад.

Маҷмаи маҷолиси осиёӣ , ки бузургтарин маҷмаъ баъд аз Иттиҳодияи байнимаҷолиси ҷаҳонӣ аст, 56 парлумонро пушиш медиҳад ва аз миёни онҳо 42 кишвар ба сурати узви доим ва 14 кишвар узви нозир ҳастанд.