Гулборони маҳалли шаҳодати 290 мусофири Эйрбос дар обҳои Халиҷи Форс
(last modified Wed, 03 Jul 2019 07:30:48 GMT )
Июл 03, 2019 12:30 Asia/Dushanbe
  • Гулборони маҳалли шаҳодати 290 мусофири Эйрбос дар обҳои Халиҷи Форс

Маҳалли шаҳодати 290 мусофири Эйрбос, ки дар севвуми июли 1988 бо тирпаронии ду мушак аз сӯи нови ҷангии Амрико ба шаҳодат расиданд имрӯз бо ҳузури масъулони эронӣ ва хонаводаҳои шаҳидон дар обҳои Халиҷи Форс гулборон шуд.

Ба нақл аз ИРНО, дар ин маросим пас аз навохтани суруди Ҷумҳурии исломии Эрон ширкаткунандагон бо нисори шохаҳои гул маҳалли шаҳодати 290 мусофирро дар наздикиҳои тангаи Ҳурмуз ва Ҳангом дар обҳои вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон гулборон карданд.

Шширкаткунандагон ба ҳангоми гулборони маҳалли шаҳодати 290 мусофири Эйрбос шиори марг бар Амрико ва марг бар Исроил сар доданд ва ин ҷинояти ҷангӣ ва зиддибашарии Амрикоро маҳкум карданд.

Дар севвуми июли 1988 ҳавопаймои мусофирбарии Ҷумҳурии исломии Эрон бар фарози обҳои Халиҷи Форс ҳадафи тирпаронии ду мушак аз тарафи нови амрикоии Винсенс қарор гирифт ва 290 сарнишин ва хадамаи ин ҳавопаймо аз ҷумла 66 кудак ва 53 зан ба шаҳодат расиданд.

Пас аз суқути ин ҳавопаймо, мақомоти амрикоӣ барои тавҷеҳи ин ҷинояти нобахшуданӣ, далелҳои зидду нақизе унвон карданд ва кушиданд ин иқдоми хасмонаро як иштибоҳ вонамуд кунанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба муҷаҳҳаз будани киштии ҷангии Винсенс ба пешрафтатарин системҳои радарӣ ва кампютерӣ ва ҳамчунин мушаххас будани навъи ҳавопаймои дар ҳоли парвоз мусаллам шуд, ки эҳтимоли иштибоҳ вуҷуд надошта ва ин иқдом комилан хасмона будааст.