Июл 09, 2019 14:04 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ даргузашти оятуллоҳ Ҳусайнии Шоҳрудиро таслият гуфтанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти оятуллоҳ Ҳусайнии Шоҳрудиро таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии Дафтари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳул узмо Хоманаӣ дар паёми таслиятӣ риҳлати фақиҳи раббонӣ оятуллоҳ Ҳусайнии Шоҳрудӣ аз фиқҳҳои барҷастаро ба ҳавзаҳои Қум ва Наҷаф ва ҳамаи иродатмандон ва шогирдони он марҳум ба хусус бозмондагон ва вобастагон ба байти шарифи он марҳум таслият гуфтанд.

Дар паи риҳлати фақиҳи раббонӣ оятуллоҳ Ҳусайнии Шоҳрудӣ маросими бузургдоште аз сӯи ҳазрати оятуллоҳул узмо Хоманаӣ  раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имшаб (сешанбе) баъд аз намози шом ва хуфтан дар масҷиди аъзами Қум баргузор хоҳад шуд.

Марҳум оятуллоҳ Ҳусайнии Шоҳрудӣ  аз олимони ҳавзаи илмияи Қум асри якшанбе ва дар синни 94 солагӣ даъвати ҳақро лаббайк гуфт.

Ин олими вораста аз лиҳози адолат, тақво, зуҳд, варъ ва фақоҳат забонзади хоссу ом буд ва пас аз фавти марҳум оятуллоҳ саид Аблуҳасани Исфаҳонӣ солҳои мутамодӣ заомати илмӣ, динӣ ва марҷаияти оммаи ҳавзаҳои илмия ва ҷаҳони ташаюъро бар уҳда дошт.