Август 14, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Саудиҳову иморотиҳо дар паи таҷзияи Яман ҳастанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҳайатҳое аз ҷунбиши "Ансоруллоҳ"-и Яман бо таъкид бар ин, ки саудиҳо ва иморотиҳо ба дунболи таҷзияи Яман ҳастанд гуфтанд: Бояд бо қудрат дар муқобили ин тавтиа истод ва аз Ямани якпорча, муттаҳид ва бо тамомияти арзӣ ҳимоят кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шаби гузашта дар ин дидор бо тамҷид аз Яман, истодагӣ, ҳушмандӣ ва рӯҳияи ҷаҳодии мардуми Яман дар баробари таҷовузи ваҳшиёна ва густурдаи саудиҳо ва иморотиҳо ва ҳомиёни онҳо таъкид карданд: Ҳифзи якпорчагии Яман бо таваҷҷӯҳ ба ақоиди динӣ ва қавмиятҳои мухталифи ин кишвар ниёзманди гуфтугӯҳои яманӣ - яманӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Мардуми Яман бо тамаддуни амиқ ва таърихии худ ва бо рӯҳияи муҷоҳидат ва истодагӣ, ки дар ин панҷ сол аз худ нишон додаанд, ояндаи хуберо дар пеш доранд ва давлате қавиро ташкил хоҳанд дод ва дар чорчӯби он давлат, ба пешрафт хоҳанд расид.

Эшон бо ишора ба мавозеи зиддиамрикоӣ ва зиддиғарбии низоми Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд: Ин мавозеъ бар асоси таассуб нест, балки бар асоси воқеиёт ва амалкарди давлатмардони Амрико ва Ғарб аст, ки бо зоҳире инсонӣ ва маданиву ахлоқӣ, бадтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бетафовутии дунёи ғарбро дар қиболи ҷиноёте, ки дар Яман ва Фаластин рух медиҳад, як намуна аз воқеиёти дунёи имрӯз баршумурд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин зимни эъломи ҳимоят аз муҷоҳидати занон ва мардони мӯъмин ва муқовими Яман афзуданд: Бояд бо ин қудратҳои ҷинояткор, бо қудрати имон ва муқовимат ва иттико ба нусрати илоҳӣ мувоҷеҳ шуд ва танҳо роҳ ҳамин аст.

Барчасп