Август 25, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Давлати Эрон аз манофеи шаҳрвандони эронӣ ҳифозат мекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Давлати Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳифозат аз манофеи шаҳрвандони эронӣ аз ҳар абзори машрӯъ ва мунтабиқ бо ҳуқуқи байналмилал истифода мекунад.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи вокуниши давлати Амрико дар қолаби таҳрими бунёди зиддиэронӣ мавсум ба Foundation for Defense of Democracies афзуд: Ҷавсозиҳои Вазорати умури хориҷаи Амрико чизи тозае нест ва дурӯғпардозиву гумроҳсозӣ тахассуси онҳост.

Мӯсавӣ бо баёни ин, ки аз давлати Амрико ё ҳуқуқбигирони мисли бунгоҳи Foundation for Defense of Democracies интизоре ҷуз ин нест, ки рӯй ба шантаж ва мазлумнамоӣ биёваранд, афзуд: Давлати Эрон барои ҳифозат аз манофеи асосии шаҳрвандони эронӣ аз ҳар абзоре истифода хоҳад кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи осори амалии таҳримҳои Амрико зидди Эрон тасреҳ кард: Давлати Ҷумҳурии исломии Эрон мусаммам ба ҳимоят аз шаҳрвандони худ дар баробари Эронситезон аст ва ин ашхос ва касоне ҳастанд, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, бояд бидонанд, ки душмании онҳо бо эрониён фаромӯш нашудааст ва бидуни ҳазина нахоҳад буд.