Август 31, 2019 20:40 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти Донишгоҳи Шероз дар пайванди ҷигар дар ҷаҳон

Донишгоҳи Шероз, маркази устони Форс дар ҷануби Эрон, бо 700 пайванди ҷигар дар сол, рутбаи нахусти пайванди ҷигари ҷаҳонро дар ихтиёр дорад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Маҳдии Шоднӯш, раиси Маркази мудирияти пайванд ва дармони бемориҳои Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе гуфт, рутбаи дувум дар пайванди ҷигар мутааллиқ ба як донишгоҳ дар Амрико бо 400 пайванд дар сол аст.

Шоднӯш афзуд, Донишгоҳи Шероз ба танҳоӣ то кунун 5 ҳазор пайванди ҷигар дар Эрон анҷом додааст.

Раиси Маркази мудирияти пайванд ва дармони бемориҳои Вазорати беҳдошти Эрон бо баёни ин ки то кунун 53 ҳазор пайванди гурда дар Эрон анҷом шудааст, афзуд, ҳазору 300 пайванди қалб низ дар Эрон сурат гирифтааст.