Сентябр 23, 2016 17:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди хатиби ҷумъаи Теҳрон бар посухи қотеи Эрон ба таҷовузи эҳтимолии душманон

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, агар кишваре ба Эрон таҷовуз кунад, бо посухи қотеи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козимии Сиддиқӣ имрӯз дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳашт соли даврони Дифои муқаддаси ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ зидди Эрон афзуд: "Дифои муқаддас намоиши ормонҳои инқилоби исломӣ дар баробари қудратҳои бузурги истикборӣ буд".

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ бо баёни ин ки миллати Эрон ҳашт сол дар баробари таҷовузгариву зулми қудратҳои бузург истодагӣ кард, гуфт: "Торих нишон додааст, миллати Эрон аҳли таҷовуз нест, аммо агар кишваре ба Эрон таҷовуз кунад, бо посухи қотеи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд".

Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо баёни ин ки Эрон бо қудрат ба масири мубориза бо терроризм идома медиҳад, афзуд: "Барқарории суботу амният дар минтақаи Ховари миёна ба ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бастагӣ дорад".

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ гуфт, ин дар ҳолест, ки шиори мубориза бо терроризми Амрикову  Ғарб дуруғе беш нест, зеро онҳо ҳамроҳу ҳомии террористҳо ҳастанд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар идома бо маҳкум кардани ҳамлаи ахири Амрико ба мавозеи артиши Сурияву кушта шудани шуморе аз нерӯҳои артиши ин кишвар гуфт: "Ин гуна иқдомоти Амрико пештар низ дар ҳамла ба мавозеи нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ва ҳимоят аз ҳамлаи режими Исроил ба мавозеи нерӯҳои меҳвари муқовимат дар Сурия бо ҳамроҳии Арабистони Саудӣ мушоҳида шудааст".

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ таъкид кард, имрӯз шабакае ҷаҳонӣ зидди истиқлоли кишварҳову хезиши бедории исломӣ дар минтақаву ҷаҳон ба баҳонаи мубориза бо терроризм фаъолият мекунад.

 

Барчасп