Октябр 13, 2019 21:16 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 88 ҳазор зоири покистонии

Беш аз 88 ҳазор зоири покистонии "Арбаин"-и ҳусейнӣ аз 23 сентябр то 12 октябр аз тариқи марзи Мирҷова вориди Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Аюби Курд, сарпарасти Идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли роҳи Систон ва Балучистон рӯзи якшанбе тасреҳ кард: Бар асоси охирин омор, беш аз 39 ҳазору 850 нафар аз зоирони покистонӣ дар ин муддат бо 900 дастгоҳ автобуси ин кишвар вориди поёнаи марзии Мирҷова шуданд.

Сарпарасти Идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли роҳи Сиситон ва Балучистон афзуд: Ҳамчунин беш аз 48 ҳазору 400 зоири покистонӣ пиёда аз 23 сентябр то 12 октябр аз тариқи марзи Мирҷова вориди Эрон шуданд, ки баъд аз вуруд, ҷобаҷоии онон бо беш аз ҳазор дастгоҳ автобуси эронӣ ба шаҳрҳои Қум, Машҳад ва Шаламча анҷом шудааст.

20-уми сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019) "Арбаин", шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.

 

Барчасп