Хидмати 10 ҳазор мукеб аз 22 кишвари ҷаҳон ба зоирон дар Карбало
Беш аз 10 ҳазор ва 700 мукеб ( истгоҳи хадамоти зоирон ) аз 22 кишвари ҷаҳон ба зоирони арбаъийни Ҳусейнӣ (а) дар Карбало хидматрасонӣ мекунанд.
Ба нақл аз ИРНА, Ризо Алсалмон мудири бахши маросим ва мукебҳои Ҳусейнӣ дар Карбало эълом кард; дар арбаъийни имсол ин теъдод мукеб аз нуқтаҳои мухталифи Ироқ ва 21 кишвари ҷаҳон дар Карбалои муало мустақар шудаанд.
Вай афзуд; бо ҳамкории бахши ҳуқуқии пулиси Карбало, тамоми мукебҳое,ки дар ин шаҳр мустақар мешаванд ба шакли қонунӣ сабт мешаванд то масоили амниятӣ ва беҳдоштӣ ин навъи хидматрасониҳо беш аз пеш риоят шавад.
20 сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ ( 19 октиябри 2019 ), арбаъийн шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.
Шумори зиёде аз мусалмонон ва пайравони адёни иллоҳии дигар, аз чанд рӯз монда ба арбаъийн шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн (а) , бо пиёдарави масири ҳудуди 80 киллометрии шаҳри Наҷаф то Карбало, худро ба марқади мутаҳари эшон дар Карбалои муало мерасонанд.
Тибқи омори расмии манбаъҳои ироқӣ,ҳудуди 14 миллион зоир аз ҷумла беш аз 2 миллион эронӣ соли гузашта дар пиёдаравии арбаъийни Ҳусейнӣ (а) ,ки бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ дар ҷаҳон аст,ширкат карданд.
Баррасиҳои майдонӣ ва оморҳои расмии зоирони маросими арбаъийни Ҳусейнӣ дар рӯзҳои ахир, баёнгари афзоиши бесобиқа нисбат ба соли гузаштааст.