Вуруди беш аз 25 ҳазор зоири пиёда ба Машҳадуризо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47885-Вуруди_беш_аз_25_ҳазор_зоири_пиёда_ба_Машҳадуризо
Беш аз 25 ҳазор зоири пиёда дар қолиби 237 корвон ба Машҳадуризо ворид шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 26, 2019 12:06 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 25 ҳазор зоири пиёда ба Машҳадуризо

Беш аз 25 ҳазор зоири пиёда дар қолиби 237 корвон ба Машҳадуризо ворид шуданд.

Сухангуи ҷамъияти зоирони пиёдаи имом Ризо (а) гуфт; то субҳи имрӯз 25 ҳазор ва 110 зоири пиёда дар қолиби 237 корвон ба Машҳадуризо ворид шудаанд ,ки 30 дар сади ононро бонувон ва бақияро мардон ташкил медиҳанд.

Ҳусейн Ризоӣ афзуд ; ин зоирон аз устонҳои мухталифи Эрон монанди Озарбойҷони шарқӣ ( Аз шаҳристони Мароға ) Мозандарон, Гулистон ( Шаҳристони Калолаҳ ) ва Хуросони ҷанубӣ будаанд.

Вай гуфт ; 60 ҳазор зоири пиёда ҳамакнун дар масири Машҳадуризо ҳастанд. Сухангуи ҷамъияти зоирони пиёдаи имом Ризо (а) гуфт ; бузургтарин корвони зоирони пиёдаи имом Ризо (а) шомили 2 ҳазор ва 500 нафар аз бонувон имрӯз аз Нишопур ҳаракат мекунанд ; фардо низ корвони ҳазору 500 нафараи хонаводаҳои шуҳадо аз Нишопур корвони ҳазор нафара аз донишҷуёни донишгоҳҳои кишвар аз Малакобод роҳии Машҳадуризо мешаванд.

Ризоӣ гуфт ; зоирони пиёда аз 24 устони кишвар қасди азимат ба Машҳади муқаддасро доранд.

Вай афзуд ; 276 истгоҳи салавотӣ дар меҳварҳои шашгонаи мунтаҳӣ ба Машҳад барои пазироӣ аз зоирони пиёдаи имом Ризо (а) бо хидматрасонӣ аз 11 устони кишвар бар по шудааст.

Ба гуфтаи Разм Ҳусейнӣ устондори Хуросони Разавӣ ҳамаи дастгоҳҳои иҷроии устон аз омодагии комил барои мизбонии зоирон рӯзҳои поёнии сафар бархурдоранд.

Ҳузури беш аз 500 ҳазор нафар зоири пиёда дар Машҳад пешбинӣ шудааст.