Ноябр 05, 2019 20:42 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати ёздаҳумин хуршеди ҳидоят Имом Ҳасани Аскарӣ (а)

Фардо, понздаҳуми обон, баробар бо ҳаштуми рабеулаввали соли 1441 мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аст.

Ҳазору 180 сол пеш, дар ҳаштуми рабеулаввали соли 260-и ҳиҷрии қамарӣ ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а), аз наберагони гиромии Расули акрам, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Сомро, дар Ироқи имрӯза ба шаҳодат расид.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар соли 232-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина мутаваллид шуд. Падари гиромиашон ҳазрати Имом Ҳодӣ (а), аз наводагони Паёмбари Ислом (с) ороста ба беҳтарин камолот ва фазоили инсонӣ буд ва модари он бузургвор зани донишманду бофазилат буд. Имом Ҳасани Аскарӣ (а) пас аз шаҳодати падар раҳбарии мусалмононро ба уҳда гирифт. Ин Имоми бузургвор дар мактаби илму дониши худ андешамандони бофазилатиро тарбият кард, ки ҳар кадом дар заминаҳои гуногуни улум гомҳои муассиреро барои эътилои маорифи исломӣ бардоштанд. Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз шаш соли даврони имомати худ се солро дар зиндони хулафои Аббосӣ гузаронд ва саранҷом дар 28-солагӣ, дар давраи хилофати Муътамиди Аббосӣ ба шаҳодат расид.

Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба дӯстдорони аҳли байти Паёмбари гиромии Ислом (с) таслият мегӯяд.