Ноябр 16, 2019 15:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Шӯрои олии Маҷмаъи бедории исломӣ бар лузуми ваҳдати мусалмонон

Ширкат кунандагон дар давоздаҳумин нишасти Шӯрои олии Маҷмаъи бедории исломӣ бар ҳимоят аз мувафақиятҳои ҷабҳаи Муқовимат, ваҳдат миёни мусалмонон ва мавзуи Фаластин ба унвони авлавияти нахусти ҷаҳони ислом таъкид кард.

Ширкаткунандагон дар давоздаҳумин нишасти шӯрои олии Маҷмаъи бедории исломӣ дар Теҳрон бо судури баёнияе иқдомҳои мудохилаҷуёнаи Амрико дар кишварҳои исломиро маҳкум карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои хуросон, дар ин баёния омадааст, душманони ислом дар дар садри онҳо Амрико ва режими Саҳюнистӣ барои тасалут бар ҷон, номус ва амволи мусалмонон ва эҷоди амнияти пойдор барои режими номашруъи Исроил талош мекунанд. Ширкаткунандагон дар давоздаҳумин  нишасти Шӯрои олии Маҷмаъи бедории исломӣ ваҳдати ҷаҳони ислом ва ҳоким намудани руҳи бародариро танҳо гузинаи пеши рӯ барои мувафақияти мусалмонон ва шикасти тарҳҳо ва нақшаҳои палид ва шуми истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизми байналмиллал медонанд ва ба ҳамаи мусалмонон тамасук ва амал ба Қурон ва тавсия ба суннати Паёмбари аззам (с) ба унвони беҳтарин роҳи ҳал,таъкид карданд. Давоздаҳумин нишасти Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ имрӯз ( шанбе ) дар Теҳрон баргузор шуд. Дар ин нишаст охирин таҳаввулоти бедории исломӣ дар минтақа ва осебшиносии он ва ироаи роҳкорҳои бурунрафт аз мушкилот ва низ шинохти тарҳҳо ва роҳбурдҳои низоми султа барои тасалути комил бар шараёнҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодии ҷаҳони ислом баррасӣ шуд.