Будҷети Эрон соли оянда аз вобастагӣ ба нафт раҳо мешавад
Раиси ҷумҳури Эрон ҳангоми ироаи лоиҳаи будҷети соли 1399 ҳиҷрии шамсӣ ба Маҷлиси Шурои исломӣ таъкид кард будҷети соли оянда иттакои чандоне ба нафт надорад.
Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе ҳангоми ироаи лоиҳаи будҷети соли оянда ба Маҷлиси Шурои исломӣ афзуд, будҷети соли оянда будҷети истиқомат ва муқобила бо таҳрим хоҳад буд ва ин будҷет ба дунё эълом мекунад, ки ба рағми таҳрим мо кишварро идора хоҳем кард.
Руҳонӣ афзуд, душманон тасаввур мекарданд бо ташдиди таҳримҳо миллати Эронро ноумед ва давлатро дар иҷрои тарҳҳояш нотавон кунанд, аммо душманон шикаст хурданд ва ноумед шуданд.
Ҳамчунин Муҳаммадбоқир Навбахт раиси Созмони барнома ва будҷети Эрон эълом кард, манобеи будҷети соли оянда камтарин вобастагиро ба нафт дорад ва ҳатто риёле аз даромадҳои нафт дар будҷетҳои равон ва ҳазинаии кишвар сарф нахоҳад шуд.
Раиси Созмони барнома ва будҷет манобеи ҷойгузини нафтро ёронаҳои пинҳони ҳомилҳои энержӣ, андоз эълом кард ва афзуд, мо бахше аз ҳаҷми қобили таваҷҷуҳи ёронаҳои пинҳоние, ки дар ҳомилҳои энержӣ вуҷуд дорад истифода мекунем ва бахши умдаи манобеи ҷойгузини нафт низ манобеи молиётӣ аст, ки бо ислоҳи низоми андози кишвар ҳосил мешавад.
Навбахт муваллидҳои дороиҳои давлатро севвумин манбаи ҷойгузини нафт дар будҷети соли оянда донист.
Таҳримҳои нафтии Амрико зидди Эрон муҷиби талоши ҷиддитари давлати Эрон барои рафъи вобастагии будҷет ба даромадҳои нафти хом шудааст.