Декабр 14, 2019 12:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Лориҷонӣ бар нақши Маҷмаъи умумии Маҷлиси Осиёӣ дар густариши ҳамкорӣ

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бар нақши Маҷмаъи умумии Маҷлиси Осиёӣ дар густариши ҳамкорӣ ва тақвияти пайвандҳои кишварҳои Осиёӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи шанбе пеш аз сафар ба Туркия барои ширкат дар давоздаҳумин маҷмаъи умумии Маҷолиси Осиёӣ, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт ;дар чанд даҳаи ахир кишварҳои Осиёӣ ҷаҳиши қобили таваҷуҳе дар илм ва фановарӣ, иқтисод, тиҷорат ва равишҳои муасире дар ҳалли масоили сиёсӣ доштаанд. Лориҷонӣ бо баёни ин,ки дар давоздаҳумин Маҷмаъи умумии маҷолиси Осиёӣ созукорҳое барои ҳамкории илмӣ ва иқтисодӣ фароҳам шудааст, ибрози умедворӣ кард ; ин Маҷмаъ бо рӯйкарди нав дар қарни муосир,равиши муасире дар пайвандҳои кишварҳои Осиёӣ фароҳам кунад. Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳамчунин баргузории давоздаҳумин Маҷмаъи умумии маҷлиси Осиёиро фурсате барои дидор ва гуфтугу байни кишварҳои узв донист ва гуфт ;ҳайати парлумонии Эрон дар ин сафар ва дар гуфтугу бо раисосни Маҷолиси кишварҳои Осиёӣ барои беҳтар шудани шароити иқтисодии Эрон талош хоҳанд кард. Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон пас аз гуфтугу бо хабарнигорон дар садри як ҳайати парлумонӣ , Теҳронро ба мақсади Туркия тарк кард.