Декабр 31, 2019 12:47 Asia/Dushanbe
  • Қатори барқии Гулшаҳр ба шаҳри нави Ҳаштгирд ифтитоҳ шуд+акс

Қатори сариъул сайри барқии Гулшаҳри Караҷ - шаҳри нави Ҳаштгирд имрӯз сешанбе бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурии Эрон, ин прожаи қатори  сариъул сайри барқӣ ба тули 25 километр ва бо зарфияти ҷо ба ҷоии рӯзона 250 ҳазор мусофир ва бо эътибори 10 ҳазор миллиард риёл иҷро шудааст.

Сохти ин хати метро 8 сол тул кашидааст.

Кумак ба коҳиши олудагии ҳавои Теҳрон ва Караҷ, коҳиши бори трафикии ҷодаҳои мунтаҳи ба шаҳри Теҳрон, имкони ҳамлу нақли сареътар, эминтар ва арзонтар барои шаҳрвандони Ҳаштгирд, Караҷ ва Теҳрон аз мазоёи ин хати метро аст.

Ифтитоҳи қатори барқии Гулшаҳр ба шаҳри нави Ҳаштгирд ҳокӣ аз бетаъсир будани таҳримҳо бар пешрафти Эрон аст.