Январ 03, 2020 10:55 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати фармондеҳи сипоҳи Қудси инқилоби исломӣ дар ҳамлаи болгардҳои амрикоӣ

Манобеи хабарӣ бомдоди ҷумъа аз шаҳодати сардори сарлашкар Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини фармондеҳи созмони басиҷи мардумии Ироқ “Ҳашдушшаъбӣ” дар ҳамлаи ракетии болгардҳои амрикоӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, фурудгоҳи байналмилалии Бағдод, пойтахти Ироқ бомдоди ҷумъа ҳадафи ҳамлаи ракетии болгардҳои амрикоӣ қарор гирифт.

Мақомҳои амрикоӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Рейтерз” эътироф карданд, ин ҳамларо барои ҳадаф қарор додани ду фарди муртабит бо Эрон анҷом додаанд.

Манобеи хабарӣ бомдоди ҷумъа аз шаҳодати сардори сарлашкар Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини фармондеҳи Созмони басиҷи мардумии Ироқ – “Ҳашдушшаъбӣ” дар ҳамлаи ракетии болгардҳои амрикоӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод хабар доданд.

Сардор Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис

Паҳподҳои амрикоӣ низ якшанбешаб мавозеи типҳои 45 ва 46 –и “Ҳашдушшаъбӣ” дар шаҳри Ал-Қоим, дар марзи Ироқ бо Сурияро ҳадаф қарор доданд.

Дар ин ҳамла ҳам дастикам 25 нафар аз аъзои “Ҳашдушшаъбӣ” шаҳид ва 51 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар пайи ин ҳамла, маҳалли сафорати Амрико дар Бағдод дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе ба саҳнаи эътирозоти зиддиамрикоии мардуми Ироқ табдил шуд.