Паёми таслияти мароҷеи изоми тақлид дар пайи шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ
(last modified 2020-01-03T13:34:17+00:00 )
Январ 03, 2020 18:34 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти мароҷеи изоми тақлид дар пайи шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ

Мароҷеи изоми тақлид дар паёмҳои ҷудогона, шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро таслият гуфтанд.

Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи изоми тақлид дар Қум (ҷануби Теҳрон), рӯзи ҷумъа дар паёме бо маҳкум кардани ҷинояти Амрико дар ба шаҳодат расонидани сипаҳбуд Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, ноибраиси созмони басиҷи мардумии Ироқ таъкид кард, интиқоми шадиде дар интизори ҷинояткорони амрикоӣ аст.

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ афзуд, роҳи шаҳид Сулаймонӣ бо қудрати бештаре идома хоҳад ёфт.

Оятуллоҳ Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ низ дар паёме эълом кард, бешак шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис ояндаро равшан ва заминаи суқути қатъии душманро фароҳам хоҳад кард.

Оятуллоҳ Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ҳам дар паёме таъкид кард, шаҳид Сулаймонӣ даврони зиндагии худро вақфи Ислом ва хидмат ба мардум ва посдорӣ аз арзишҳои исломӣ кард.

Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Ҷаъфари Субҳонӣ ва Сайид Муҳаммади Алавии Гургонӣ низ дар паёмҳои ҷудогона шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣро таслият гуфтанд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.