Феврал 04, 2020 14:25 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ: кишварҳои исломӣ бо иттиҳоди худ пеши нуфузи душманро бигиранд

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ аз марҷаъҳои тақлид бо таъкид бар лузуми инсиҷоми кишварҳои исломӣ ва ҳамсоя дар баробари душман гуфт, уммати ислом бояд бо иттиҳоди худ пеши нуфузи душманро бигиранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ аз марҷаъҳои тақлиди Қум дар дидори Абдулғафур Ливал сафири Афғонистон дар Эрон бо баёни инки дар ислом марзҳои ҷуғрофиёӣ матраҳ нест афзуд, кулли мусулмонони ҷаҳон дар ҳар нуқтае бошанд бо якдигар бародар ҳастанд ва бояд бо диди муҳаббат, улфат ва бародарӣ ба якдигар нигоҳ кунанд ва дар баробари душманон муқовим бошанд. Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ бо таъкид бар ин ки Эрон дар канори миллатҳои мусулмон ба вижа Афғонистон аст тасреҳ кард, бояд бо қудрати имон ва ақида дар баробари душман истодагӣ кард. Ин марҷаи тақлид бо баёни ин ки Эрон бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо муқтадирона ва сарфароз дар баробари душманон истодааст афзуд, миллат ва давлати Афғонистон бояд бо иттиҳоди худ амрикоиҳо ва душманонро аз хоки худ берун кунанд ва дар муқобили иқдомоти вайронкунандаи онҳо истодагӣ кунанд. Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ ҳамчунин пазируфтани се миллион муҳоҷири афғонистониро нишонаи дӯстӣ ва утуфати Эрон унвон ва таъкид кард, бояд аз ин зарфият дӯстӣ ба хубӣ истифода кард.