Феврал 11, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Ҷашни чиҳилу якумин пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Деҳлии Нав

Ҷашни чиҳилу якмин пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо ҳузури теъдоде аз сафирон, дипломатҳо, вобастагони низомӣ, уламо ва эрониёни муқими Деҳлии Нав дар маҳалли сафорати Эрон дар пойтахти Ҳинд баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки шомгоҳи душанбе бо пахши Суруди миллии Эрон ва Ҳинд оғоз шуд, сафирон, дипломатҳо, вобастагони низомии кишварҳои мухталифи мустақар дар Ҳинд солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломиро ба миллати Эрон табрик гуфтанд.

Алии Чагинӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳинд дар ин маросим бо ташреҳи дастовардҳои Инқилоби Исломӣ дар даҳаҳои ахир гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чиҳил соли гузашта бо вуҷуди чолишҳо ва таҳримҳо бо қудрат масирҳои тараққиро дар ҳавзаҳои мухталиф паймудааст.

Дар ин маросим филмҳое аз дастовардҳои Инқилоби Исломӣ дар заминаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба намоиш гузошта шуд.

Имрӯз, 11 феврали соли 2020 чиҳилу якумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) аст.