Баргузории маросими гиромидошти чиҳилумин рӯзи шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ дар саросари Эрон
(last modified Thu, 13 Feb 2020 15:08:15 GMT )
Феврал 13, 2020 20:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими гиромидошти чиҳилумин рӯзи шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ дар саросари Эрон

Маросими гиромидошти чиҳилумин рӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нирӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ имрӯз (панҷшанбе) бо ҳузури густурдаи ақшори мухталифи мардум дар саросари Эрон баргузор шуд.

Сардори шаҳиди сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, ки сеюми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, ноибраиси шаҳиди басиҷи мардумии Ироқ  ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии террористҳои амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод, ба шаҳодат расид.

Мардуми саросари Эрони исломӣ бо гиромидошти чиҳилумин рӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш бар хурӯҷи нирӯҳои террористи Амрико аз минтақа таъкид карданд.

Мардуми қишрҳои мухталиф, хонаводаҳои шуҳадо ва ҷамъе аз масъулони кишварӣ ва лашкарии Эрон низ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳад ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума (а) дар Қум, ёд ва хотираи шаҳид Қосими Сулаймониро гиромӣ доштанд.

Мардуми дигар шаҳрҳои Эрон низ аз ҷумла Урумия, Исфаҳон, Илом, Маҳобод, Ардабил, Бирҷанд, Зоҳидон, Кирмон, Шаҳрикурд,  Табриз ва Ҳамадон бо баргузории маросими гиромидошт, зимни қадрдонӣ аз посухи сахти Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух ба ҷинояти террористии Амрико, бар муқобила ва посухи қотеъона ба ҳар гуна тавтеаҳои Амрико дар минтақа таъкид карданд.