Феврал 23, 2020 14:04 Asia/Dushanbe
  • Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Австрия дар бораи БАРҶОМ гуфтугӯ карданд

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Австрия дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба БАРҶОМ ва тааҳудоти тарафҳои аврупоӣ гуфтугӯ карданд.

Ба нақл радиои тоҷикии Садои Хуросон, Александер Шаленберг-вазири умури хориҷаи Австрия, ки дар садри ҳайате ба Теҳрон сафар кардааст, субҳи имрӯз (якшанбе) даври аввали музокироти худро бо Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон оғоз кард.

Тарафайн бо истиқбол аз густариши равобити хуби дуҷониба бар густариш ва таъмиқи он дар ҳамаи заминаҳо таъкид карданд.

Охирин таҳаввулоти марбут ба БАРҶОМ ва тааҳудоти тарафҳои аврупоӣ аз муҳимтарин меҳварҳои гуфтугӯи даври аввали Зариф ва Шаленберг эълом шудааст.

Вазири умури хориҷаи Австрия қарор аст бо Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дидор ва гуфтугӯ ва пас аз он дар даври дуввуми музокирот бо вазири умури хориҷаи Эрон ширкат кунад.

Стеф Блок- вазири умури хориҷаи Нидерландия низ рӯзи гузашта бо раисиҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон дидор ва дар бораи равобити дуҷониба, БАРҶОМ ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар кард.

 

 

Барчасп