Давлати Эрон тасмими коргурӯҳи иқдоми молиро сиёсӣ донист
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51246-Давлати_Эрон_тасмими_коргурӯҳи_иқдоми_молиро_сиёсӣ_донист
Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмими коргурӯҳи иқдоми молӣ (FATF) дар қарор додани номи Эрон дар гурӯҳи кишварҳои ғайриҳамкор (листи сиёҳ) -ро бо ангезаҳои сиёсии бадхоҳони Эрон донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 26, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Давлати Эрон тасмими коргурӯҳи иқдоми молиро сиёсӣ донист

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмими коргурӯҳи иқдоми молӣ (FATF) дар қарор додани номи Эрон дар гурӯҳи кишварҳои ғайриҳамкор (листи сиёҳ) -ро бо ангезаҳои сиёсии бадхоҳони Эрон донист.

Давлати Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард: Сиёсати зиддитерроризми Эрон асосёфта бар моҳияти адолатхоҳона ва сулҳталабонаи низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва дар ҳамаи ҳавзаҳо, аз ҷумла муқобила бо таъмини молии терроризм, ба таври ҷиддӣ эъмол мешавад ва ангезаи мо дар пайгирии ҳамаи иқдомот алайҳи пулшуӣ ва таъмини молии терроризм, хости мардуми мо ва қавонину муқаррароти дохилии мост, ки дар давраҳои мухталифи маҷлис ва давлат тасвиб шудааст.

Дар ин баёния омадааст , давлати Эрон аз ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар дар ин замина низ истиқбол карда ва бо иҷрои муқаррароти мавриди қабули кишварҳои ҷаҳон ва стандартҳои байналмилалӣ дар ин замина, ки дар ростои қавонин ва муқаррароти дохилӣ ва ба маслиҳати кишвар будааст, мувофиқат кардааст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, бадхоҳони Эрон ва дар раъси онҳо давлати Амрико нақшаи ёргирӣ барои ташкили муҷаддади ҷабҳаи зидди Эронро дорад.

Коргрӯҳи вижаи иқдоми молӣ (FATF) Эронро ба далели он чӣ надоштани интибоқ бо меъёрҳои байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм хонд, вориди феҳристи сиёҳ кард.