Феврал 26, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати мазлумонаи даҳумин хуршеди ҳидоят - имом Ҳодӣ (а)

Фардо, севуми раҷаби соли 1441-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 8 исфанди 1398 –и хуршедӣ, мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳодӣ (а), пешвои бузурги мусулмонон ва аз наберагони поки расули гиромии Ислом (с) аст.

1187 сол пеш дар чунин рӯзе , ҳазрати имом Алӣ Аннақӣ (а), маъруф ба имом Ҳодӣ (а), аз наводагони бузургвори расули гиромии Ислом (с) ба шаҳодат расиданд.

Он ҳазрат дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ дар наздикии шаҳри Мадина ба дунё омад ва таҳти роҳнамоиҳои падари бузургвораш имом Ҷавод (а) қарор гирифт ва пас аз шаҳодати эшон ӯҳдадори имомат ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуд ва дар муаррифии симои тобноки Исломи ростин талоши бисёр кард.

Он ҳазрат ҷаласоти зиёдеро барои баҳс перомуни масоили мухталифи ақидатӣ, фикрӣ ва ё иҷтимоӣ баргузор кард ва дар ин ҷаласот ба суолот ва шубаҳоти матраҳшуда посух гуфт.

Ҷамъи зиёде аз бузургони илму адаб назди эшон гирд меомаданд ва аз дарёи бекарони дониши он ҳазрат баҳра мебурданд.

Илму дониши густурдаи имом Ҳодӣ (а) аз як сӯ ва маҳбубияту ҷозибаи зиёди эшон дар миён мардум аз сӯи дигар, ҳасодат ва кинаи ҳокимони Аббосиро барангехт то он ки дар чунин рӯзе он ҳазратро бо дасисае ба шаҳодат расонданд.

Ҳарами нуронии имом Ҳодӣ (а) дар шаҳри Сомиррои Ироқ ҳамвора зиёратгоҳи покон ва шефтагони хонадони расули Худост.

Радиои тоҷикии садои Хуросон шаҳодати имом Ҳодӣ (а)-ро ба тамоми мусулмонони ҷаҳон ва дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) таслият мегӯяд.