Феврал 29, 2020 12:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракатҳои намоишӣ бо ғаразҳои  сиёсӣ роҳи мубориза бо коронавирус нест

Сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ҷумъа шаб иддаои Майк Пампио вазири хориҷаи Амрико бинобар омодагии ин кишвар барои кӯмак ба Эрон дар заминаи муқобила бо коронавирусро ҳаракати таблиғотӣ, риёкорона ва мазҳака хонд.

Ба гузориши раидиои бурунмарзии Садои Хуросон, Сайид Аббоси Мусавӣ гуфт; иддаои кӯмак ба Эрон барои муқобила бокоронавирус  аз суи кишваре,ки бо терорризм иқтисодии худ боиси фишорҳои густарда бар мардуми Эрон шуда ва ҳатто роҳи хариди дору ва таҷҳизоти пизишкиро масдуд кардааст, иддаои мазҳака ва як бозии сиёсии равонӣ аст.

Мусавӣ бо баёни ин,ки Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури таъмини ниёзҳои доруӣ ва беҳдоштии Эрон ва муқобила бо коронавирус дар тамоси наздик бо бисёре аз кишварҳо аст афзуд, давлати Эрон токунун бахши қобилитаваҷуҳе аз ниёзҳои калидии кишвар шомили бастаи ташхис, москҳои вижаи ҷароҳӣ, дастгоҳҳои танафусии маснуӣ ва ғайраро аз тариқи кишварҳои дӯст таъмин кардааст.

Бар асоси эъломи сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон, маҳмулаҳои дигаре низ дар роҳ аст,ки ба мавқеъ иттилорасонӣ хоҳад шуд.

Мусавӣ дар идома таъкид кард, муқобила бо коронавирус,ки акнун ба як эпидемияи ҷаҳонӣ табдилшуда ва кишварҳои зиёдеро дар бар гирифтааст, ниёзманди як иродаи ҷаҳонӣ ва ҳамкории васеъи байналмиллалӣ аст на ҳаракатҳои намоишие,ки бо ғаразҳои сиёсӣ ва бо суистифода аз ранҷ ва азоби беморон ва осебдидагон сурат мегирад.