Cарлашкар Боқирӣ: риволи хилватсозии шаҳрҳо дар 24 соати оянда оғоз мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51765-cарлашкар_Боқирӣ_риволи_хилватсозии_шаҳрҳо_дар_24_соати_оянда_оғоз_мешавад
Раис ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ аз расади кулли миллати Эрон зарфи 10 рӯзи оянда хабар дод ва таъкид кард, риволи хилват кардани фурӯшгоҳҳо, хиёбонҳо ва ҷодаҳо бо тасмими миллӣ, ки иттихоз мешавад дар 24 соати оянда созмондеҳӣ хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 14, 2020 09:37 Asia/Dushanbe
  • Cарлашкар Боқирӣ: риволи  хилватсозии  шаҳрҳо дар 24 соати оянда оғоз мешавад

Раис ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ аз расади кулли миллати Эрон зарфи 10 рӯзи оянда хабар дод ва таъкид кард, риволи хилват кардани фурӯшгоҳҳо, хиёбонҳо ва ҷодаҳо бо тасмими миллӣ, ки иттихоз мешавад дар 24 соати оянда созмондеҳӣ хоҳад шуд.

 Бино  ба гузориш Порстудей, сардори сарлашкари  посдор "Муҳаммад Боқирӣ" гуфт: зарфи як ҳафта то 10 рӯзи  оянда кулли миллати  Эрон як бор аз тариқи фазои маҷозӣ ва тамоси телефонӣ як рӯз як маротиба ва дар сурати зарурӣ аз ҷониби шахсони гумонбар назорат карда мешавандва ва афроди машкук ба беморӣ мушаххас мешаванд.

 Сарлашкар Боқирӣ идома дод, касоне, ки машкук нестанд ба манзилашон бармегарданд ва маворид машкук бояд дар марокизи  муқаддамоти мавриди муоина ва расидагии аввалия қарор бигиранд; Ин мавзӯъро мо бар ӯҳда гирифтем, ки то ҳазор дармонгоҳи собит ва сайёр ба бахши кишварӣ кумак кунем то дар ин марокиз  расад ва муоиноти болини анҷом шавад.

 Раиси  ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ бо ишора ба дигар тасмимоти қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонии Имом Ризо (ъ), гуфт: аз ҷумла тасмимоти дигар ин буд, ки кумитаи  интизомӣ ва амниятии мо ба ҳамроҳи вазорати  кишвар ва устондорон раиволи  хилват кардан фурӯшгоҳҳо ва хиёбонҳо ва ҷодаҳо, ки бо тасмими миллӣ  иттихоз мешавад анҷом медиҳанд, ки ин кор ҳам дар 24 соат оянда созмонедҳӣ хоҳад шуд.

 Сарлашкар Боқирӣ афзуд, аз миллати азиз хоҳиш мекунам, ки ба тавсияҳо ва дархостҳои Вазорати беҳдошт амал кунанд ва бо кумаке, ки мекунанд ин занҷири  интиқоли бемориро қатъ кунем. Агар занҷира идома пайдо кунад, контроли бемори тӯлонитар хоҳад шуд.

 Вай гуфт: дар шуъбаи логистика чӣ маскаи махсус N95 K, ки барои кодри  бемористони маврид ниёз ҳаст ва чӣ либоси махсуси  онҳо, вазорат  дифоъи хатти  тавлиди бисёр муфассалеро эҷод кардааст, дар мавриди маҷмӯаи ташхисии ин тавон вуҷуд дорад, ки ҳар миқдор лозим аст тавлид шавад. Дар хусуси москҳои умуми ҳам мизониро, ки эълом карданд аз тариқ маҷмӯаи Вазорати дифоъ, созмонҳои нируҳои мусаллаҳ ва маҷмӯаҳои мардуме, ки аз тариқи  басиҷи асноф ва басиҷи кишвар созмонедеҳи шуда ва бо тасмими имрӯз тавсеаи чашмгир пайдо хоҳад кард, ба суръати мавзӯъи таҷҳизот муҳофизати мардумиро бартараф хоҳем кард.

 Раиси ситоди кулли  нируҳои мусаллаҳ ҳамчунин гуфт: аз ҷумлаи  масоили асосӣ ва мушкил, кодри дармонӣ аст, ки заҳмат кашиданд дар ин чанд рӯз, созмонедҳи кардем, ки басиҷён, донишҷуёни пизишкӣ ва ҳамчунин сарбозон мутахассис ва бознишастгоне, ки алоқаманд ҳастанд ва тахассус доранд билофосила ба кор гирифта шаванд ва касоне, ки ниёз ба омӯзиши фишурда доранд низ ин кор анҷом шавад ва дар хидмати   кодрҳои дармонӣ бошанд.