Март 17, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди беш аз  панҷ ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 5 ҳазору 389 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 16 ҳазору 169 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд. Ҷаҳонпур афзуд, мутаассифона, то кунун 988 нафар низ бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Вируси корона, ки номи расмии он COVID-19 аст, авохири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд. Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 160 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 184 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 80 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва дастикам 7 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.