Апрел 17, 2020 15:48 Asia/Dushanbe
  • Иблоғи салому муҳаббати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба коркунони артиши Эрон

Салому муҳаббати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба коркунони артиши Эрон аз сӯйи раиси дафтари фармондеҳии муаззами кулли қувво иблоғ шуд.

Пойгоҳи иттилоърасонии артиш, сардори сартип Муҳаммад Шерозӣ, раиси дафтари фармондеҳии муаззами кулли қуввои Эрон рӯзи ҷумъа дар тамоси телефонӣ бо амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши Эрон, салом ва муҳаббати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондеҳи кулли қувои Эронро ба оҳоди фармондеҳон, коркунон ва хонаводаҳои артиш иблоғ кард.

Сардор Шерозӣ дар ин тамоси телефонӣ хостори иблоғи саломи муҳаббатомези Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар рӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба оҳоди коркунон, фармондеҳон ва хонаводаи бузурги артиши Эрон шуд.

29 фарвардин (17 апрел) дар тақвими Эрон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ, Рӯзи Артиш номгузорӣ шудааст.

То кунун дар ин рӯз, ягонҳои намунаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми устонҳои кишвар маросими вежае баргузор мекарданд, ки имсол ба далели шуюъи бемории корона ин маросим дар қолаби режаи хидмати ягонҳои артиш бо унвони «Мудофеони ватан ва ёварони саломат” баргузор шуд, ки намоиши ҷанбае дигар аз хадамот ва иқтидори артиши ҷумҳурии исломӣ аст.