Апрел 18, 2020 11:53 Asia/Dushanbe
  • Паёми умедбахши ҷамъе аз қаҳрамонон ва медаловарони варзиши Эрон ба мардуми ҷаҳон

Кумитаи миллии олимпӣ ва ҷамъе аз қаҳрамонон ва медаловарони варзиши Эрон бо ишора ба хурӯҷи коронавирус ва хисоратҳои ношӣ аз он, паёми умедбахше ба мардуми ҷаҳон содир карданд.

Кумитаи миллии олимпӣ ва ҷамъе аз қаҳрамонон ва медаловарони варзиши Эрон дар паёми видеоӣ, ки шомгоҳи ҷумъа мунташир шуд, аз ҳамаи мардуми ҷаҳон хостанд, бо таваҷҷӯҳ ба хурӯҷи коронавирус, бо тафаккур, умед доштан ва амал кардан, ҷилави зарар ва осеб ба худ, хонавода, дӯстон ва тамоми мардуми ҷаҳонро бигиранд.

Дар ин паём омадааст, ки ҳама бояд дар садади ҷуброни хисоратҳои ношӣ аз коронавирус буд ва барои дунёи солим, бидуни ҷанг ва танаффур ва бидуни беморӣ талош кард.

Кумитаи миллии олимпӣ ва ҷамъе аз қаҳрамонон ва медаловарони варзиши Эрон таъкид карданд: Чун зиндагӣ идома дорад, бояд қавӣ монд.