Октябр 03, 2016 14:55 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи Саудӣ китоби зидди эронӣ чоп кард

Рӯзномаи Саудии Алшарқалвасат бо интишори китобе зидди эронӣ иддао кард, ки Эрон бо Алқоида ҳамкорӣ мекунад.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Ҳонӣ Насира, нависанда ва коршиноси сиёсии мисрӣ ва мудири Маркази мутолиоти Аларабия вобаста ба шабакаи саудии Аларабия ва Муҳаммад Алшофиӣ, сардабири аршади рӯзномаи Алшарқалвасат, ин китобро бо унвони "Мардони Алқоида дар Эрон, паноҳи амн ва эътилофи машкук" таълиф кардаанд .

Рӯзномаи Алшарқалвасат чоп Лондон навишт, ки ин китоб ба робитаи Эрон ва Алқоида пардохтааст .

Дар ин китоб иддао шудааст, ки замони иртиботи Алқоида бо Эрон ба пирӯзии инқилоби исломӣ ва ҳимояти ҷарёнҳои исломгарои фаластинӣ ва мисрӣ аз имом Хумайнӣ (р) боз мегардад .

Дар бахше аз ин китоб иддао шудааст: "Эрон аз равобити худ бо Алқоида ба беҳтарин шакл ва то болотарин ҳадди мумкин аз ҷумла тавофуқи ҳастаӣ бо кишварҳои ғарбӣ дар соли 2015 истифода кард" .

Дар ин китоб омадааст: "Санади муваффақияти Эрон дар истифода аз Алқоида ба нафъи худ ин аст, ки ин кишвар танҳо кишварест, ки аз амалиёти Алқоида ва терроризм дар ҷаҳон дар амон мондааст".

Ин иддаои рӯзномаи арабистонӣ дар ҳолест, ки бар асоси аснод ва гузоришҳои бисёре, ки дар ин солҳо дар саросари дунё мунташир шуда, ташкилоти террористии Алқоида сохтаву пардохтаи Амрикост ва бо ҳимояти фикрӣ ва молии Арабистон парвариш ёфтааст .

Ҷибҳа-Алнусра, шохаи ин гурӯҳи террористӣ ҳамакнун дар Сурия бо ҳимояти мустақими Амрико ва Арабистон дар ҳоли ҷиноят ва куштор аст .