Апрел 22, 2020 16:05 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз амалкарди Сипоҳи посдорон

Паёми қадрдонии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз амалкарди Сипоҳи посдорон аз сӯи раиси дафтари низомии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон иблоғ шуд.

Ба гузориши “Сипоҳ-нюс”, сардори сартип Муҳаммади Шерозӣ, раиси дафтари низомии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон дар тамоси телефонӣ бо сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондеҳи кулли қувои Эрон ба муносибати рӯзи таъсиси Сипоҳи посдоронро ба вай иблоғ кард.

Сардор Шерозӣ дар ин тамоси телефонӣ хостори иблоғи саломи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ҳамаи коркунони сипоҳ ва хонаводаҳои мӯҳтарамашон шуд.

Ҳамчунин ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём аз амалкарди хуб ва талошҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ташаккур карданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бистудувуми апрели 1979 ба фармони ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил шуд.