Май 28, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Давлати Амрико аз нажодпарастӣ тақдир мекунад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба куштори сиёҳпӯстон тавассути пулиси Амрико таъкид кард: Давлати Амрико аз нажодпарастӣ тақдир мекунад.

Як афсари сафедпӯст дар Амрико рӯзи душанбе Ҷорҷ Флюиди сиёҳпӯстро дар шаҳри Минеаполис дар иёлати Миннесота ба қатл расонид.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз (панҷшанбе) дар твите навишт: Қатли ваҳшиёна  ва дар камоли хунсардии Ҷорҷ Флюид тавассути марди сафеде, ки униформаи пулис ба тан дорад, ба сурати ваҳшатноке нишонгари нажодпарастии низомманд в бартарпиндории нажоди сафед аст, ки аз сӯи ҳайати ҳокимаи феълии Амрико такрим ва таҷлил мешавад.

Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе низ дар твите навишт, ки 6 сол пас аз илтимосҳои Эрик Гарнер, ки мегуфт "метавонам нафас бикашам", ин бор Ҷорҷ Флюид, як сиёҳпӯсти дигар баъд аз боздошти бераҳмона ва ғайриинсонӣ, ҷони худро аз даст дод.

 

Барчасп