Июн 09, 2020 11:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ваҳдати мардуми Эрон монеи фишори зонуи амрикоиҳо бар гулӯи миллат шудааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҳамроҳии мардум ва ваҳдат ва инсиҷоме, ки дар ҷомеа ба вуҷуд омада, монеи фишори зонуи амрикоиҳо бар гулӯи миллати Эрон шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дувумин ҷаласаи барномарезӣ барои амалисозии шиори "ҷаҳиши тавлид" бо баён инки амрикоиҳо бо сиёсати "зону бар гулӯ" шадидтарин таҳримҳоро зидди давлат ва миллати Эрон иҷроӣ карданд, афзуд: Ҳадафи Амрико, маҳрум кардани мардуми Эрон аз таъмини авалиятарин имконоти зиндагӣ монанди энержӣ ,об ,барқ ,гоз, маводи ғизоӣ ва дору буд. Рӯҳонӣ хотирнишон кард: Давлати Эрон имрӯз на танҳо дар таъмини колоҳои асосии зиндагии мардум аз ҷумла ғизо ва дору ва хадамоти зарурии мавриди ниёз дучори мушкил нест, балки ҳатто тавониста бо вуҷуди сангинтарин ва шадидтарин таҳримҳои иқтисодӣ рушди манфии иқтисодиро ҷуброн карда ва ҳатто дар бархе заминаҳо низ рушд ва пешрафт дошта бошад. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, "ҷаҳиши тавлид"-ро рамзи убур аз мушкилоти кишвар донист ва таъкид кард: Амалисозии шиори "ҷаҳиши тавлид" бо ҳамкорӣ, ҳамфикрӣ ва талоши ҳамагонӣ, қатъан душманонро ноумед хоҳад кард.