Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: Беҳбудии ҳудуди 145 ҳазор нафар
(last modified Fri, 12 Jun 2020 11:18:25 GMT )
Июн 12, 2020 16:18 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: Беҳбудии ҳудуди 145 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии беш аз 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва беҳбудии ҳудуди 145 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 369 бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид – 19” дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 687 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони “Ковид -19” дар Эрон ба 182 ҳазору 545 нафар расидааст, афзуд, дар тӯли 24 соати гузашта 75 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 ҳазору 659 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд, то кунун 144 ҳазору 649 нафар аз беморон беҳбуд ёфта аз бемористонҳо тархис шудаанд.