Июн 13, 2020 16:55 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Афғонистон дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи  Эрон

Сафири Афғонистон дар Теҳрон барои додани тавзеҳот дар бораи фаолияти бархе аз гурӯҳҳои дорои собиқаи зиддиэронӣ дар хоки он кишвар, ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдуғафур Ливол- сафири Афғонистон дар Теҳрон имрӯз шанбе барои додани тавзеҳ дар бораи фаолияти бархе аз гурӯҳҳои зиддиэронӣ дар Афғонистон, ки дар рӯзҳои гузашта ба сафорат ва бархе аз намояндагиҳои Эрон дар Афғонистон ҳамлавар шуданд, дар Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳозир шуд.

Саидрасули Мусавӣ- мудири кулли Осиёи Ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидори сафири Афғонистон дар Теҳрон маротиби нигаронии Эронро аз таъсири иқдомоти ғалати гурӯҳҳои душман бар равобити ҳамсоягии ду кишвар иброз кард.

Дар рӯзҳои ахир ба баҳонаи ҷон бохтани чанд нафар аз шаҳрвандони Афғонистон, ки қасди вуруди ғайриқонунӣ ба Эронро доштанд  ва ё ба сурати қочоқӣ вориди хоки Эрон шуда буданд, бархе аз ҷараёнҳои хосси сиёсие, ки собиқаи душманӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳусни ҳамҷавории ду кишварро доранд ба сохтмони сафорат ва чанд намояндагии Эрон дар Афғонистон ҳамла карданд ва иқдомоти иҳонатомез анҷом доданд.

 

Барчасп