Июн 18, 2020 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон ба Шурои Ҳуком ; охирин сангари чандҷонибагароӣ дар маърази хатар аст

Намояндаи Эрон назди Созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена дар бораи афзоиши таҳарукоти зидди эронии Амрико ва муттаҳидонаш дар нишасти фаслии Шурои Ҳукоми Ожонси байналмилаллии энержии атомӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Козим Ғарибободӣ сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмонҳои байналмилаллӣ дар Вена бомдоди панҷшанбе дар ТВИТТЕР навишт , Вена , тақрибан охирин сангари чандҷонибагароӣ аст ,ки тавониста рӯҳи воқеии худро дар чанд соли ахир ҳифз кунад.

Ғарибободӣ ҳушдор дод ; чунончи Шурои Ҳукоми ожонси байналмилаллии энержии атомӣ дар ин ҳафта дурандешии лозимро нишон надиҳад, мутаасифона ин низ ба қисаи фаромушшуда табдил хоҳад шуд.

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмонҳои байналмилаллӣ дар Вена ҳамчунин дар паи матраҳ шудани бархе иддаоҳои воҳӣ аз суи сафири Арабистони Саудӣ дар нишасти Шурои Ҳуком , дар гуфтугуе ёдовар шуд ; дар мавриди мавзуоти минтақаӣ ва ба истилоҳ фаолиятҳои бесуботкунанда дар минтақаи ғарби Осиё , ниёзе ба доштани истеъдоди сиёсии амиқ барои дарки ончи дар минтақа иттифоқ меафтанд, нест.

Ғарибободӣ афзуд ; тамасхуромез аст ,ки саудиҳо , Эронро ба иллати даргири дар минтақа мутаҳам мекунад, дар ҳоле,ки дасти онҳо оғушта ба хуни мардуми Сурия , Либӣ , Ироқ ва Яман аст.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар бахши дигар аз тавзиҳоти худ дар паи матраҳ шудани бархе иддаоҳои бардуруғ аз суи сафири Амрико дар нишасти Шурои Ҳуком изҳор кард ; иқдомҳои қаҳрии якҷониба ва ғайри қонунии давлати Амрико алайҳи Эрон ва кишварҳои дигар, нишонгари ин аст ,ки Вашингтон ҳеҷ эҳтироме барои ҳанҷорҳо ва усули ҳуқуқ ва равобити байналмилалл қоил нест.

Ҳамчунин, дар паи матраҳ шудани бархе иддаоҳои бардуруғ аз суи сафири режими Саҳюнистӣ дар нишасти Шурои Ҳуком , Ғарибободӣ тасриҳ кард ; собиқаи ғайри қобили дифои режими Саҳюнистӣ дар пойбанд набудан ба ҳанҷорҳо ва стандардҳои байналмилаллӣ дар ҳавзаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, ҳеҷ гузинае ҷуз пок кардани дастҳои касифи худ бо сарзаниши дигарон барои ин режим боқӣ нагузоштааст.