Июн 23, 2020 09:25 Asia/Dushanbe

Ҷашнвораи миллии каромат, эъзоми сафирони карима ба нуқтаҳои мухталифи Эрон, иҷрои ҷашнҳои мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ ва пӯиши такрими духтарон бо унвони "Фидои духтарам" даҳаи каромат дар кишвар иҷро хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, барномаҳои ҳарами мутаҳҳари бонуи каромат ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар даҳаи каромат эълом шуд. Ин барномаҳо шомили суханронӣ, шеърхонӣ, иҷрои гурӯҳи тавошиҳ хоҳад буд.

Аз дигар барномаҳои остони муқаддаси ҳазрати Маъсума саломуллоҳ алайҳо ҷашни бузурги каромат дар бақои мутабаррика, бустонҳо ва масҷидҳои саросари кишвар, ҳузури ходимон ва намояндагони остон дар барномаҳои садо ва симо, сафарбар кардани корвони сафирони карима ва сафирони хоҳар ба панҷ вилояти Исфаҳон, Мозандарон, Язд, Луристон ва Қум ҳамроҳ бо тавзеи мутабаррикоти остони муқаддас хоҳад буд.

Ҳамчунин аз дигар иқдомоти ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума саломуллоҳ алайҳо дар даҳаи каромат тавлиди клипи савтӣ ва намо, достонхонӣ ва суханронӣ ва тавлидоти графикӣ, акснавиштаҳои намоишгоҳӣ ва фазосозӣ бо хаштаки "фидои духтарам" мебошад, ки қабл аз даҳаи каромат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дохилӣ ва байналмиллалӣ мунташир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи тулияти остони ҳазрати Маъсума (с) даҳаи каромат имсол барномаҳои даҳаи каромат ба далели шуйюи корона дар бистари маҷозӣ равнақ меёбад.

Оятуллоҳ Саидмуҳаммади Саидӣ бо ишора ба маҳдудияти баргузории барномаҳои даҳаи каромат гуфт: Бо ин вуҷуд бунбасте барои пайравони аҳли байт (а) надорад ва имсол умуми барномаҳо дар бистари фазои маҷозӣ баргузор мешавад.

Даҳаи каромат аз аввали моҳи зилқаъда бо милоди ҳазрати Маъсума (с) хоҳари имом Ризо (а) оғоз ва бо милоди имом Ризо (а) набераи поки паёмбари гиромии ислом ба поён мерасад.

Ҳарсола барномаҳои мутанаввеъе дар Эрон ба вижа дар шаҳрҳои Қум ва Машҳад дар ин даҳа иҷро мешуд, аммо имсол бо вуҷуди вируси корона маҳдудиятҳое барои иҷрои барномаҳо эҷод, аммо озинбандии хиёбонҳо ва гулороии ҳарамҳои мутаҳҳар анҷом шудааст.