Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: беҳбудии 169 ҳазор нафар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54778-Охирин_омори_мубталоён_ба_корона_дар_Эрон_беҳбудии_169_ҳазор_нафар
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва беҳбудии 169 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: беҳбудии 169 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва беҳбудии 169 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишки Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълон кард: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 445 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки ҳазору 234 мавриди бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хидамотӣ ироа шуд. Содот Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 209 ҳазору  970 нафар расидааст, афзуд: дар тули 24 соати гузашта, 121 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 9863 нафар расид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 169 ҳазору 160 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.