Бозгашти 110 шаҳрванди эронӣ аз Тоҷикистон ба Эрон
(last modified Fri, 26 Jun 2020 11:37:27 GMT )
Июн 26, 2020 16:37 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 110 шаҳрванди эронӣ аз Тоҷикистон ба Эрон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз бозгашти 110 шаҳрванди эронӣ аз Тоҷикистон ба Эрон хабар дод.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар Твиттери худ навишт:

Бо чораандешӣ ва пайгириҳои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ва мусоидати мақомоти Тоҷикистон, дувумин гурӯҳ аз шаҳрвандони эронӣ (110 тан), ки дархости бозгашт ба кишварашонро доштанд, асри панҷшанбеи панҷуми хурдод бо парвози фавқуллодаи ширкати ҳавопаймоии “Кеш Эйр” ба Ҷумҳурии исломии Эрон бозгаштанд.

Пеш аз ин низ бо тамҳидот ва пайгириҳои Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва ҳамроҳии мақомҳои ҳукумати ин кишвар, 137 тан аз ҳамватанони эронӣ, ки дархости бозгашт ба кишвар доштанд, 23 урдибиҳишти соли ҷорӣ (20.05.2020) бо парвози ширкати ҳавопаймоии “Вореш” ба Ҷумҳурии исломии Эрон бозгашта буданд.