Июл 02, 2020 13:03 Asia/Dushanbe
  • Ба ёди 290 мусофири шаҳид дар ҳамлаи мушакии Амрико дар соли 1988

Имрӯз ( панҷшанбе ) давоздаҳуми тири 1399 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 2 июли 2020 милодӣ , сорӯзи ҳамлаи мушакии нови амрикоии Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Аэробуси Эрон аст ,ки аз бандари Аббос ( ҷунуби Эрон ) ба мақсади Дубай дар ҳолипарвоз буд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , 32 соли пеш дар чунин рӯзе , бар асари шилики мушаки мушаки нави ҷангии Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон, ҳамаи 290 мусофири он аз ҷумла 66 кудак ва 53 зан шаҳид шуданд. Пас аз  суқути ин ҳавопаймо , мақомоти амрикоӣ барои тавҷияи ин ҷинояти нобахшиданӣ , далелҳои зиду нақизе унвон карданд ва кушиданд ин иқдоми хасмонаро як иштибоҳ вонамуд кунанд аммо бо таваҷҷуҳ ба муҷаҳаз будани киштии ҷангии Винсенс ба пешрафтатарин системаҳои родорӣ ва роёнаӣ ва ҳамчунин мушахас будани навъи ҳавопаймои дар ҳоли парвоз , мусалам шуд ,ки эҳтимоли иштибоҳ вуҷуд надошта ва ин иқдом , комилан хасмона буда аст. Имрӯз хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла ва масулон бо гулборони маҳали шаҳодати 290 шаҳид ҳавопаймои мусофирбарӣ дар  обҳои Халиҷи Форс , ёди қурбониёни ин ҷиноятҳои зиди башариро гиромӣ медоранд.