Июл 04, 2020 17:57 Asia/Dushanbe
  • Орзуи саломатии Зариф барои вазири умури хориҷаи Покистон

Вазири умури хориҷаи Эрон барои ҳамтои покистонии худ, ки ба бемории КОВИД-19 мубтало шудааст, орзуи саломатӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар паёме ба Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ- вазири умури хориҷаи Покистон барои вай орзуи беҳбудӣ ва шифои оҷил кард.

Вазири умури хориҷаи Покистон рӯзи ҷумъа дар ҳисоби корбарии худ дар Тевиттер навишт, ки ба КОВИД-19 мубтало шудааст.

Бар асоси охирин оморҳо беш аз 221 ҳазор нафар аз мардуми Покистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод чаҳор ҳазору 551 нафар ҷон бохтаанд ва 113 ҳазору 623 нафар низ беҳбуд ёфтаанд.