Дидори вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ дар Бағдод
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ имрӯз якшанбе дар Бағдод дидор ва гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф ва Фуод Ҳусайн- вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ дар ду даври гуфтугӯ дар Бағдод дар бораи равобити ду ҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва беҳдоштӣ табодули назар карданд.
Сафари пеши рӯйи нахуствазири Ироқ ба Эрон, пайгирии тавофуқҳои ҳосил аз сафари Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқ, тақвияти ҳамкориҳо барои пайгирии ҳуқуқии шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва интиқоли таҷрибаҳо барои муқобила бо корона аз ҷумла меҳварҳои гуфтугӯйи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ буд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайате баландпоя барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти ироқӣ имрӯз якшанбе вориди Бағдод шуд.
Зариф пас аз вуруд ба Ироқ аз маҳалли ба шаҳодат расидани сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва ҳамроҳонашон наздики фурудгоҳи Бағдод, боздид кард.
Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, севуми январ ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис- ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ва ҳашт нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.