Июл 22, 2020 09:15 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Эрон хоҳони Ироқи иззатманд ва мустақил аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Эрон, хоҳони Ироқи иззатманд бо ҳифзи тамомияти арзӣ ва инсиҷоми дохилӣ аст, аммо Амрико мувофиқи Ироқи мустақил, қавӣ ва дорои ҳукумате бо овози аксарият нест.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри рӯзи сешанбе дар дидори Мустафо Алкозимӣ- нахуствазири Ироқ бо ишора ба мухолифати Эрон бо ҳаргуна иқдоме, ки муҷиби заиф шудани давлати Ироқ шавад, хотирнишон карданд: Ончи дар равобити дуҷониба барои Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр дорои аҳамият аст манофеъ, масолеҳ, амният, иззат, иқтидори минтақаӣ ва беҳбуди шароит дар Ироқ аст.

Ишон бо баёни ин ки дидгоҳи амрикоиҳо дар бораи Ироқ дуруст дар нуқтаи муқобили Эрон аст афзуданд: Эрон дар бораи равобити Ироқ бо Амрико дахолате намекунад, аммо интизор дорад дӯстони ироқӣ, Амрикоро бишносанд ва бидонанд, ки ҳузури Амрико дар ҳар кишваре сарчашмаи фасод ва вайронӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин ёдовар шуданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон интизор дорад тасмими давлат, миллат ва Маҷлиси Ироқ барои ихроҷи амрикоиҳо пайгирӣ шавад, зеро вуҷуди онҳо муҷиби ноамнӣ аст.

Ишон ҷинояти Амрико дар террори сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандисро як намуна аз натиҷаи ҳузури амрикоиҳо дар Ироқ баршумурданд ва таъкид карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз ин мавзӯъро фаромӯш нахоҳад кард ва қатъан зарбаи мутақобилро ба амрикоиҳо хоҳад зад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Албатта густариши равобити Эрон ва Ироқ мухолифоне дорад, ки дар раъси онҳо Амрико аст вале ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз Амрико тарсид зеро ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин марҷаъият ва шахси оятуллоҳ Систониро як неъмати бузург барои Ироқ хонданд ва хотирнишон карданд: Ҳашдушшаъбӣ (басиҷи мардумӣ) як неъмати бузурги дигар дар Ироқ аст, ки бояд онро ҳифз кард.

Нахуствазири Ироқ низ, дидор бо раҳбари муаззами инқилоби исломиро саодате бузург донист ва бо қадрдонӣ аз мавзеъҳо ва ҳимоятҳои Эрон дар давраҳои мухталиф ба вижа дар даврони ҷанг бо ДОИШ ва такфириҳо гуфт: Мардуми Ироқ ҳеҷгоҳ ҳимоятҳои Эронро фаромӯш нахоҳанд кард ва воқеият ин аст, ки хуни ироқиҳо ва эрониҳо дар ҷанг бо такфириҳо дар ҳам омехтааст.

 

Барчасп