Эъломи шарти вуруди мусофирон ба Эрон аз тариқи марзи ҳавоӣ
(last modified Sat, 01 Aug 2020 10:42:03 GMT )
Август 01, 2020 15:42 Asia/Dushanbe
  • Эъломи шарти вуруди мусофирон ба Эрон аз тариқи марзи ҳавоӣ

Шарти вуруди мусофирон ба Эрон аз тариқи фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ), ироаи варқи озмоиши манфии корона аз кишвари мабдаъ аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Вазорати роҳ ва шаҳрсозӣ, Муҳаммадризо Каримиён- муовини баҳрабардории фурудгоҳии Ширкати шаҳри фурудгоҳии имом Хумайнӣ (раҳ), дар бораи шароити ҷадиди пазириши мусофирони вурудӣ ба Эрон дар шароити шуйюи корона гуфт: Ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши КОВИД-19, ҳамаи мусофирони вурудӣ ба фурудгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ (раҳ) аз панҷуми августи 2020 бояд ҳангоми вуруд, натиҷаи манфии озмоиши ташхиси вируси корона (PCR)-ро бо эътибори ҳаддиаксар 96 соат аз кишвари мабдаъ ироа кунанд.

Вай афзуд: Ҷавоби манфии тест бояд ба забони англисӣ ва бо таъйиди мақомҳои салоҳиятдори беҳдоштии кишвари мабдаъ бошад.

Каримиён идома дод: Ҳамаи мусофирон дар лаҳзаи вуруд ба кишвар ғарболгарӣ хоҳанд шуд ва мусофирони эронӣ, ки пештар натиҷаи тести манфиро гирифтаанд ва дар лаҳзаи вуруд ба кишвар машкук ба ибтило ба ин беморӣ бошанд, пас аз такмили форми тааҳҳуднома ва анҷоми тести дубора,  муваззаф ба карантини хонагии 14 руза ҳастанд.

Ӯ гуфт: Ҳамчунин мусофирони машкук бо шаҳрвандии ғайри эронӣ пас аз анҷоми тест, дар марокиз мушаххас шуда аз тарафи Вазорати беҳдошт карантин хоҳанд шуд.

Муовини баҳрабардории фурудгоҳии Ширкати шаҳри фурудгоҳии имом Хумайнӣ (раҳ) афзуд: Мусофирон бо шаҳрвандии ғайри эронӣ дар сурати ба ҳамроҳ надоштани тести манфии корона, иҷозаи вуруд ба кишварро надошта ва бозгардонда хоҳанд шуд.

Каримиён таъкид кард, аз мусофирони бо шаҳрвандии эронӣ низ дар сурати ба ҳамроҳ надоштани тести КОВИД-19, озмоиш гирифта шуда ва то таъйини натиҷа, 48 соат дар карантин нигаҳдорӣ хоҳанд шуд, ҳазинаи тести корона ва иқомат дар маҳалли карантин, ба таври комил бар уҳдаи мусофир хоҳад буд.